Русия ва Қазоқистон рӯйхати афроди мамнуъулвуруд барои шаҳрвандони ҳамдигарро омода кардаанд. Ба навиштаи хабаргузории олмонии "Deutsche Welle" (Дойче Велле), вуҷуди рӯйхат баъди роҳ наёфтани таърихнигори рус Андрей Грозин ба Қазоқистон, ошкор шуд. Сабаб, гӯё интиқоди таърихнигор аз президенти Қазоқистон будааст. Ба рӯйхати шахсони мамнуъулвуруд кӣ ворид шудааст ва дар бораи онҳо чӣ иттилое ҳаст?
Охири моҳи апрел бояд дар Остона бахшида ба ҳамкориҳои Русияву Қазоқистон чанд чорабинӣ баргузор мешуд. Таърихнигору сиёсатшиноси рус ва таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, Андрей Грозин ҳам даъват шуда буд.
Ӯ бо мусоҳибаҳояш дар расонаҳои таблиғотии Русия ва истифодаи ибораҳое чун "рафиқони нигарон аз арзишҳои миллии қазоқ" ва "украинасозии Қазоқистон", шинохта аст. Бино ба навиштаи хабаргузории "Дойче Велле", Грозинро ба пойтахти Қазоқистон роҳ надоданд ва эълон шуд, ки ӯ дар рӯйхати шахсони вурудашон мамнӯъ ба кишвар аст.
Як манбаи Дойче Велле гуфт, "зоҳиран ҷаноби Грозин, ки худро таърихнигор муаррифӣ мекунад, аз изҳоротҳои бадномсози худ дар бораи Тоқаев, ки гӯё дар давраи раҳбарии ӯ ба истилоҳ "миллатгароҳо"-и моил ба "Легиони Туркистон" ба сари қудрат омадаанд, фаромӯш кардааст. Ё хотирааш мушкил дорад ва суханҳои тавҳиномез оид ба қазоқҳоро, ки гӯё чорвои ҳамсояҳоро дуздида, хонаҳоро оташ мезананд, ёд надорад? Ӯ бешармона гуфтааст, ки аз нигоҳи идеологӣ Қазоқистон бо Украинаи соли 2014 наздик шудааст. Агар ӯ фаромӯш кардааст, мо дар хотир дорем".
Ба навиштаи "Дойче Велле", дар рӯйхати "афроди номатлуб"-и Қазоқистон номи Тина Канделаки, Тигран Кеосанян, Александр Дугин, сиёсатшинос Никита Мендкович, вакили Думаи давлатӣ, Евгений Федоров, сиёсатшинос Вячеслав Никонов ва Петр Толстой оварда шудааст. Яъне онҳое, ки дар бораи Қазоқистон назари интиқодӣ баён кардаанд.
Вуҷуди чунин феҳрастро мақомоти қазоқ расман тасдиқ кардаанд. Октябри соли 2023 сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфта буд, ин таҷрибаи ҷаҳонӣ аст, аммо рӯйхат ҷое нашр нашудааст. Сиёсатшинос Газиз Абишев мегӯяд, дар солҳои ахир равобит миёни Русияву Қазоқистон ба таври чашмрас сард шудааст.
Газиз Абишев, сиёсатшиноси қазоқ гуфт: "Коршиносони ду тарафи марз чунин андеша доранд, ки Русия ва Қазоқистон ҳоло давраи сардии равобит дар сатҳи бюрократиро аз сар мегузаронанд. Яъне, дар сатҳи сиёсӣ, муносибати Путин ва Тоқаев шояд мисли пеш хуб бошад, вале тағйироти демографӣ дар ҳарду кишвар ва тағйири элитаҳо сабаб шуда, ки равобити гарму наздике, ки пеш байни давлатҳо буд, сард шудааст".
Ба гуфтаи манобеи "Дойче Велле", Русия ҳам дар нисбати шаҳрвандони Қазоқистон аз чораҳои ҳамсон кор мегирад. Вуруди ду вакили порлумон, ки яке ҳукумати Русияро пайваста танқид ва дигарӣ аз Украина пуштибонӣ мекард, ба Маскав манъ шудааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар феҳрасти Русия, номи сиёсатшиносони қазоқ, Досим Сатпаев ва Димаш Алҷанов , фаъолон Мухтор Тайҷон ва Тогҷон Коҷалӣ, оварда шудааст. Коҷалӣ гуфт, сабаби манъи вурудашро ба Русия медонад.
Тогҷон Коҷалӣ афзуд: "Аввалан ин, ки мо ба назди Саакашвилӣ ба Украина рафтем. Саакашвилӣ шахсе нест, ки Русия аз ӯ истиқбол кунад. Сабаби дуюм, албатта ташкили кӯмаки гуманитарӣ ба Украина аст. Боз ман ба Кеосанян посух додам, ки мо бародар не, ҳамсоя ҳастем. Ин навор беш аз 1 миллион бинанда дошт ва аз Русия пайёмҳои зиёди ғайридӯстона гирифтам".
Манбаи "Дойче Велле" гуфтааст, рӯйхати шахсони мамнуъулвуруди Қазоқистон калон аст ва он фақат аз русиягиҳо иборат нест. Феҳрастро вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дохила ва дар асоси изҳоротҳои манфӣ дар бораи Қазоқистон, таҳия кардаанд.
Ҳамчунин ба Русия дар баробари сиёсатмадорон ва чеҳраҳои расонаӣ, аксаран муаррихони қазоқро ҳам роҳ намедиҳанд. Шахсоне, ки дар рӯйхат ҳастанд, дар охирин лаҳза, ҳангоми гузаштан аз марз аз ин огоҳ мешаванд.
Гуфтугӯ