Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкори чинӣ мегӯяд, ҳамкорони тоҷик фиребаш карданд


 Акс аз соли 2016.
Акс аз соли 2016.

Сун Ҷи Бин, як соҳибкори чинӣ дар Тоҷикистон иддао дорад, ки коршарикони тоҷикистониаш ӯро фиреб карда, тиҷораташро аз худ кардаанд, аммо ниҳодҳо ба додаш нарасидаанд. Тарафи дигари баҳс ин иддаоро рад мекунад.

Сун Ҷи Бин мегӯяд, соли 2013 бо шаҳрванди Тоҷикистон Абдухалил Нусратуллозода, молики ширкати “Билол групп” барои бунёди корхонаи семент дар шаҳри Конибодом ба созиш расиданд. Пас аз ин дар Тоҷикистон ширкати муштараки “Билол Суюлин семент”-ро бо 3,5 миллион доллар таъсис дода бо шарти тақсими 60 ба 40 дарсади даромад, корро оғоз намуданд.

Ба гуфтаи соҳибкори чинӣ, коршарикаш Нусратуллозода бар хилофи созиши дуҷониба ва бидуни огоҳ кардани ӯ, аз чанд бонк ва муштариёни ҷудогона қарз мегирад.

“Соли 2016 мо сохтмони корхонаи тавлиди сементро оғоз карда, моҳи феврали соли 2018 ба кор сар кардем. Баъди оғози кор аз ҳар мақомот барои тафтиши мо омадан сар шуд. Бонкҳову шахсони ҳуқуқиву воқеӣ омада, қарзҳои коршарикамонро аз мо талаб карда, кори корхонаро мушкил карданд. Дар моҳи июни соли 2018 маро аз корхона пеш карданд,” - мегӯяд ин соҳибкори чинӣ.

Соли 2014 дар робита ба бунёди корхонаи семент ин соҳибкори чинӣ ва Абдухалил Нусратуллозодаро ба мулоқоти президент дар шаҳри Гулистон даъват мекунанд. Ба гуфтаи Сун Ҷи Бин, раиси ҷумҳур ба коршарикон ва мансабдорони маҳаллӣ дастур медиҳад, ки соҳибкори чиниро дастгирӣ кунед.

Соҳибкори чинӣ мегӯяд, ҳамкорони тоҷик фиребаш карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Соҳибкори чинӣ мегӯяд, коршарикаш аз мусоидати раиси ҷумҳур истифода карда, корхонаро дар чандин бонкҳо ба гарав монда, маблағи зиёди муштариёнро гирифта гурехтааст. Барои ин кор алйҳи Абдухалил Нусратуллозода бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз карда, ӯ таҳти пайгард будааст. Барои ҳамин назари Нусратуллозода дар ин бора дастрас нест.

Сун Ҷи Бин мегӯяд, моҳи декабри соли 2019 дубора ба корхонаи сементбарорӣ баргашта, баъди таваққуфи яксола дигарбора онро таъмир карда, истеҳсолотро ба роҳ монд.

“Соли 2019 як шаҳрванди Узбекистон омада иддао кард, ки "аз шумо семент харидаам, сементи маро диҳед". Гуфтам, "ягон ҳуҷҷат доред", ӯ як шартномаи 600 ҳазор доллариро бароварда, ба ман нишон дод, ки ман аз он хабар надоштам. Баъдан маълум шуд, ки Нусратуллозода бо ӯ шартнома баста, пулро бо суратҳисобҳои ба корхона марбутнабуда гирифтааст,” - мегӯяд ин соҳибкор.

Дар ниҳоят ширкати узбекистонии “Фатиҳ экспорт импорт инвест”, “Ориёнбонк” ва муштариёни дигари ин корхонаи сементбарорӣ барои бозпас гирифтани маблағҳояшон ба додгоҳ муроҷиат мекунанд. Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд моҳи марти соли 2020 даъвои онҳоро қонеъ карда, қарор баровардааст, маблағи даъвогарон аз ҳисоби фурӯши таҷҳизоти корхона баргардонда шавад. Аммо соҳибкори чинӣ аз қарори додгоҳ ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шикоят бурд. Ин додгоҳ шикояташро рад кардааст.

Ҳоло соҳибкори чинӣ шикоят дорад, ки дар авҷи ин мушкилот ҳамкорон ва шарикони тиҷоратии наваш ба аз худ кардани корхона оғоз мекунанд. Ба гуфтаи ин соҳибкор моликони ширкатҳои “Соҳиб Дӯст” ва “Соҳибдӯсти Усмон”, ки соли 2019 ҳамкориро бо онҳоро оғоз карда буд, бо дигар муштариён, азҷумла ширкати узбекистонӣ маслиҳат карда, ваъдаи бозгардонии қарзҳоро медиҳанду корхонаро соҳиб мешаванд.

Дар оғоз ширкати “Соҳиб Дӯст” молики нави корхона мешавад, аммо соли 2021 байни раиси ин ширкат Дӯстмурод Соибов ва ҳамкораш Саидов Саидаҳмад баҳсу ҷанҷол сар мезанад, ки дар идома писари дувумӣ, молики ширкати “Соҳиб Дӯсти Усмон” соҳиби ин корхона мешавад. Ҳуқуқшиноси ин ширкат Файзиддин Наимов даъвои Сун Ҷи Бин, соҳибкори чиниро беасос хонда, мегӯяд ширкати онҳо меросбари ширкатҳои пештара нест ва соли 2021 таъсис ёфтааст ва корхонаро бо зӯрӣ нагирифтаанд.

Аммо Сун Ҷи Бин мегӯяд, додгоҳ ҳолатҳои зиёди тақаллуб ва сохтакории ҳуҷҷатҳоро ба назар нагирифт. Ба иддаои ин соҳибкор, падараш ва чанд коргари дигари корхонаро бо зӯрӣ ва лату кӯб аз корхона бароварда чанд рӯз дар шаҳри Хуҷанд боздошт мекунанд. Ҳоло ин соҳибкор мегӯяд, пас аз муроҷиат ба ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисҷумҳуру ниҳодҳои дигар, баъд аз масрафи наздик ба 5 миллион доллар аз тиҷорат ва дороиҳояш маҳрум шуда, рӯйи раҳ мондааст.

Ҳоло ин корхона чун пештара ба истеҳсоли саддарсадии семент машғул набуда, дар тавофуқ бо ширкати “Хуаксин семент” аз онҳо маҳсулот харида, бо тамғаи “Салмон Семент” бастабандӣ карда мефурӯшад.

Ҳуқуқшиноси мустақил Бахтиёр Насруллоев сабаби сар задани баҳсҳо бо ширкатҳои хориҷиро аз оғози кор ҷалб нашудани ҳуқуқшиносони касбӣ медонад. Ба гуфтаи ӯ “масъалаҳои ҳуқуқие, ки суд мебинад, дар суд баъзе маҳдудиятҳо ҳаст. Барои ҳамин аксар, ҳамон ширкатҳо тарафи даъвогар даъворо нодуруст мекунад, баъди санади судӣ баромадан, аз сабабе, ки даъворо нодуруст кардааст, кор ҳалношуда монданаш мумкин”.

Солҳои ахир баҳсҳои додгоҳии иқтисодӣ миёни ширкатҳо, хусусан ширкатҳои хориҷӣ бо коршариконашон дар Тоҷикистон зиёд шудааст. Аз ҷумла соли 2024 додгоҳҳои иқтисодӣ 3253 парвандаҳои иқтисодиро баррасӣ кардаанд, ки нисбат ба як соли пеш 116 парванда бештар мебошад. Дар соли 2024 беш аз пан ширкати чинӣ ба Радиои Озодӣ муроҷиат кард, ки бо ҳамкорони тиҷоратияшон дар Тоҷикистон баҳсу даъво доранд.

XS
SM
MD
LG