Созмони "Вясна" дар Минск бо такя ба чанд манбаъ иттилоъ дод, ки хабарнигори зиндонии Радиои Озодӣ Иҳар Лосикро баъди "буриш дар дасту гардан" ба шифохонаи маҳбас бурдаанд.
Ин созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар рӯзи 20-уми март гуфт, Лосик пас аз он чизе, ки онро "кӯшиши худкушӣ" номидаанд, "наҷот дода шуд".
Маълум нест, ки Лосик чӣ гуна худро захмӣ кард ва ҳодиса кай рӯй дод.
Волидони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, зиёда аз як моҳ боз аз ӯ нома нагирифтаанд.
Лосик дар моҳи декабри соли 2021 ба понздаҳ сол зиндон маҳкум шуд.
Ӯро ба "ташкили ошӯбҳои оммавӣ", "барангехтани адоват" ва чанд иттиҳоми дигар гунаҳкор карданд.