Дар мулоқот бо президенти ИМА Доналд Трамп дар Кохи Сафед рӯзи 6 май, нахуствазири Канада Марк Карни гуфт, “Канада фурӯхта намешавад”. Ин посухи Карни дар ҷавоб ба суханҳои Трамп буд, ки гуфт, ба ҳайати ИМА дохил шудани Канада “як издивоҷи хубе мешуд. “Ҳаргиз нагӯй ҳаргиз”, гуфт Трамп ба Марк Карни.
Бо вуҷуди ихтилофҳои рӯшан, ҳарду кишвар дар ниҳоят аз ҷараёни гуфтугӯ изҳори қаноатмандӣ карданд. Марк Карни, ки бо ҳизби либералиаш дар интихоботи ахир таҳти шиори муқовимат ба нақшаҳои Доналд Трамп дар нисбати Канада ғалаба ба даст овард, мулоқоти гузаштаро “созанда” номид. Трамп изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои байни ду раҳбар танготанг хоҳанд шуд.
Дар мулоқоти гузашта Трампу Карни масоили вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳон, аз ҷумла, ҳуҷуми Русия ба хоки Украина ва муносибатҳо бо Эронро баррасӣ карданд. Яке дигар аз мавзӯъҳои гуфтугӯи онҳо додугирифтҳои тиҷоратӣ буд, ки баъди ҷорӣ кардани тарруфаҳои азими амрикоӣ ба аксар маҳсулоти содиротии Канада ва ҳам тарруфаҳои ҷавобии он кишвар ба Амрико бисёр мураккаб шудааст.
Дар ин мавзӯъ ҳеҷ мувофиқае ҳосил нашуд, вале нахуствазири Канада аз омодагӣ ба музокирот ба хотири бекор кардани тарруфаҳои тиҷоратӣ ва дастёбӣ ба созиши нави байни ин ду шарики тиҷоратӣ хабар дод.