Додситони кулл ба мубориза бо талафоти барқ даъват намуд

Аз чап ба рост: Мансурҷон Умаров, раиси низоми зиндонҳои Тоҷикистон, Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулл ва раиси КДАМ Саймӯъмин Ятимов. Акс аз саҳифаи додситонии кулли Тоҷикистон

Як моҳ баъди ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои истифодаи ғайриқонунии барқ дар Тоҷикистон, додситони кулл Ҳабибулло Воҳидзода аз сохтоҳои ҳифзи қонуни кишвар даъват намуд, ки барои мубориза бо ин мушкил сафарбар шаванд. Мавзӯи асосии ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон рӯзи 6 май ҳам ҳамин будааст.

Дафтари матбуоти додситонии кулл навишт, дар ин ҷаласа супориши президент оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он баррасӣ гардид ва ба сохторҳои ҳифзи қонун дастур дода шуд, ки барои иҷрои ин талабот даст ба кор шаванд.

Дар ҷаласа даҳҳо ходими ҳифзи қонун иштирок карданд. Акс аз dushanbepolice

Ин хабар дар ҳолест, ки дар як моҳи ахир хабарҳо аз кунҷу канори Тоҷикистон дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шудани сокинон барои истифодаи ғайриқонунии барқ ҳарчи бештар нашр мешаванд. Бар асоси бархе хабарҳо аз минтақаҳои кишвар, мақомоти ҳифзи қонун дар маҳалҳо барои татбиқи дастури президент рейду корҳои назоратӣ ба роҳ мондаанд.

Ходимони дин ҳам дар ҷаласа иштирок намуданд. Акс аз dushanbepolice

Бар асоси иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз моҳи апрел, барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Тоҷикистон давоми даҳсолаҳо дар ҳолати бӯҳрони энержӣ ба сар мебарад, қимати барқ барои аҳолӣ ва корхонаҳо гарон гуфта мешавад, вале маълум нест то куҷо таъқиби ҷиноии шаҳрвандон барои барқи дуздӣ барои сабуктар шудани ин мушкил мусоидат мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳукумат дастур додааст, ки то 30% мошинҳо дар кишвар барқӣ бошандБа бинокорон дастур додаанд, дар хонаҳо панелҳои офтобӣ гузоранд Боздошти боз як нозири барқ дар ХатлонБоздошти се корманди шабакаҳои барқ дар ХатлонТаъсиси ниҳоди нав барои назорати бахши энергетика дар Тоҷикистон