Покистон амалиёти низомии худро зидди Ҳинд бо ҳамла ба ду пойгоҳи ҳавоӣ оғоз кард

Артиши Покистон. Акс аз бойгонӣ.

Покистон бомдоди шанбе, 10 май, амалиёти низомӣ алайҳи Ҳиндро оғоз кардааст. Ин амалиёт дар ҳоле оғоз шуд, ки ба гуфтаи Исломобод, дар соатҳои ахири рӯзи ҷумъа, се пойгоҳи ҳавоии Покистон ҳадафи ҳамлаҳои мушакии Ҳинд қарор гирифт.

Манбаъҳои амниятии Покистон ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин амалиёт "Бунён-ун-Марсус" нома дорад ва баргирифта аз ояе дар "Қуръон" аст, ба маънои "Сутуни устувор".

Робитаи умумии артиши Покистон эълон кард, ки як анбори нигаҳдории мушакҳои ҳиндии "Brahmos" аз байн бурда шуд. Артиши Покистон гуфт, ки ҳамлаҳо ба чандин макон, аз ҷумла, фурудгоҳи Патанкут ва истгоҳи нерӯҳои ҳавоии Удҳампур, низ сурат гирифтааст.

Покистон ҳамчунин гуфт, ки ду мушаки "Фатҳ-1" ба ду пойгоҳи ҳавоии Ҳинд партоб кардааст.

Ҳинд ҳанӯз ба ин гуфтаҳои ҷониби Покистон вокуниш нишон надодааст.

Ҳамлаҳои нав чанд соат пас аз хуруҷи дипломати баландпояи Саудӣ аз Покистон, оғоз шуд. Бар асоси баёнияе, Одил Ал-Ҷубайр, собиқ вазири корҳои хориҷи Саудӣ барои дидор бо нахуствазир Шаҳбоз Шариф ба Исломобод рафта буд. Ӯ қабл аз сафар ба Покистон дар рӯзи 9-уми май, бо раҳбарони Ҳинд мулоқот карда буд.

Манбаъҳои амниятии Покистон ҳамчунин иддао карданд, ки ҳамзамон як ҳамлаи кибернетикӣ ҳам анҷом шуд ва барқи чандин шаҳр қатъ шудааст. Ин манбаъҳои амниятӣ ҳамчунин афзуданд, ки ҷониби покистонӣ тасмим гирифтааст, ки агар Ҳинд ҳамлаҳои бештаре анҷом диҳад, ба шоҳроҳҳои Ҳинд зарба бизанад.

Покистон чанд соат пеш аз эълони оғози амалиёти "Бунён-ун-Марсус", гуфта буд, ки дар соатҳои ахири 9 май, чанд мушак дар нуқтаҳои гуногуни Покистон афтодааст.

Яке аз ин мушакҳо дар пойгоҳи ҳавоии "Нурхон" дар шаҳри Равилпиндӣ бархӯрдааст. Ин пойгоҳи ҳавоӣ ҷое аст, ки Ситоди артиш дар он қарор дорад ва камтар аз 30 километр аз биноҳои асосӣ ва муҳими ҳукуматӣ, аз ҷумла, қасри президент, бинои порлумон ва хонаи нахуствазир дар Исломобод, пойтахти Покистон, фосила дорад.

Фаҳим Аҳмад, як сокини Равалпиндӣ, ки дар наздики пойгоҳии ҳавоии "Нурхон" зиндагӣ мекунад, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ӯ як чизеро дид, ки аз ҳаво таркид ва дар наздикии пойгоҳи ҳавоӣ афтод.

Генерал-лейтенант Аҳмад Шариф Чударӣ, мудири робита бо ҷомеаи артиши Покистон дар як нишасти хабарии изтирорӣ ки пас аз партоби мушакҳо дар соатҳои ахири 9 май баргузор кард, гуфт, ки ҳамлаи Ҳинд барои ҳадаф қарор додани пойгоҳи ҳавоии "Нурхон", хунсо шудааст.

Ӯ гуфт, ки ду мушаки дигар ба ду пойгоҳи ҳавоии дигар - "Мурид" ва "Шоркут" партоб шуданд.

Ба гузориши Васим Саҷҷод, хабарнигори Радиои Машъал, бахши покистони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, дар соатҳои аввали 10 май таркише дар шаҳри Пешовар, гузориш шуд.

Васим Саҷҷод гуфт, "тақрибан соати 3-и субҳ (ба вақти маҳаллӣ) бо садои таркише аз хоб бедор шудем, ки дар пайи тирандозӣ аз замин, анҷом шуд. Мо нурҳоеро дидем, ки аз замин ба тарафи осмон мерафтанд ва садоҳо то наздик ба як соат идома дошт".

Саҷҷод гуфт, ки ин таркишҳо мардумро дар торикии шаб аз хонаҳояшон ба берун кашонд.

Эъзоз Саид, нависанда ва рӯзноманигор, ба Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷаҳон алоқае ба қатъи даргирӣ байни ду ҳамсояи дорои силоҳи ҳастаӣ надорад.

Ӯ афзуд, танҳо ду кишвар, Арабистони Саудӣ ва Эрон фаъолона ворид амал шуданд, дар ҳоле, ки Амрико фақат бархе баёнияҳо содир кард ва ҳеҷ гуна дипломатияи фаъол ба назар намерасад.

Кишварҳои "Гурӯҳи 7" рӯзи 9 май аз Ҳинд ва Покистон хостори хештандорӣ шуданд ва аз онҳо талаб карданд, то сари мизи музокирот бинишинанд.

Вазирони корҳои хориҷии Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, Ҷопон, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо эълон карданд, ки ҳамлаи маргбор ба сайёҳон дар Кашмири Ҳинд дар 22 апрелро ба шиддат маҳкум мекунанд ва "хоҳони ҳадди аксар худдорӣ аз Ҳинд ва Покистон ҳастанд".

Дар баёнияи "Гурӯҳи 7" омадааст, "мо хостори коҳиши таниши фаврӣ ҳастем ва ҳар ду кишварро ташвиқ мекунем, то дар гуфтугӯҳои мустақим барои расидан ба як натиҷаи сулҳомез", ширкат кунанд.

Нерӯҳои Ҳинд ва Покистон рӯзи 7-уми май пас аз ҳамлаҳои ҳавоии Ҳинд, ки чандин кушта бар ҷой гузошт, дар минтақаҳои марзӣ даргир шуданд. Ҳар ду тараф аз кушта шудани чандин нафар дар ин даргириҳо хабар доданд. Покистон иддао кардааст, ки чанд ҳавопаймои ҷангии Ҳиндро сарнагун кардааст.

Нерӯҳои ҳиндӣ рӯзи 6-уми май нуқтаҳоеро дар Кашмири зери назорати Покистон ва аёлати Панҷоби Покистон, ҳадаф қарор доданд.

Пас аз ҳамлаи ду ҳафтаи пеш дар Кашмири зери назорати Ҳинд, ки боиси кушта шудани 26 сайёҳи ҳиндӣ шуд, Деҳлӣ эълон кард, ки "ҳамлаҳои дақиқ"-ро алайҳи "террористҳо" анҷом додааст.

Ҳинд пештар гуфта буд, ки ду нафар аз гумонзадҳои ин ҳамла, шаҳрвандони Покистон ҳастанд, аммо ҳеҷ далел ва санади дақиқе пешниҳод накардааст. Покистон ҳар гуна иртибот бо ин ҳодисаро рад кард.