Беш аз 200 донишомӯзи духтар дар вилояти Дойкундӣ заҳролуд шудаанд

Даҳҳо донишомӯзи духтари як мактаби ибтидоӣ дар ноҳияи Кайти вилояти Дойкундии Афғонистон бар асари заҳролудшавии машкук, бистарӣ шудаанд. Бисёре аз хонаводаҳо аз вазъи бади фарзандонашон, нигарон ҳастанд.

Дар наворҳои видеоие, ки аз сӯи кормандони бахши тандурустӣ ва табибони ин ноҳия ба Радиои Озодӣ фиристода шуд, дида мешавад, ки даҳҳо духтари мактабхон рӯи замин дароз кашидаанд ва талош мешавад, ки ба онҳо кӯмаки тиббӣ расонида шавад

Як табиб ва раиси як бунгоҳи тиббӣ дар ин ноҳия, ки бинобар ҳассосияи мавзуъ нахост номаш дар гузориш зикр шавад, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "ба хотири онки ҳама нафастангӣ ва дилбеҳузурӣ доштанд, мо бештари онҳоро ба бунгоҳҳои тиббӣ интиқол додем".

Ҳанӯзи сабаби аслии ин ҳодиса маълум нест.

Як табиб мегӯяд, ки ҳанӯз 10-12 донишомӯз, ки вазъияти хубе надоранд, дар бунгоҳи тиббии онҳо бистарӣ ҳастанд ва як донишомӯз ба бемористони марказии ин вилоят интиқол дода шудааст.

Дастикам ҳашт тан аз сокинон ва фаъолони ноҳияи Кайти низ ин ҳодисаро тасдиқ карда, бо ибрози нигаронӣ мегӯянд, ки ин дувумин бор аст, ки чунин ҳодиса рух медиҳад.

Ба гуфтаи сокинон, соли гузашта низ дар ҳамин вақт дар яке аз мактабҳои ҳамин ноҳия чунин ҳодиса рух дод ва донишомӯзон, ки дар он рӯйдод заҳролуд шуда буданд, ҳанӯз мушкилоти нафаскашӣ доранд.

Масъулини раёсати тандурустӣ ва маорифи ҳукумати Толибон дар вилояти Дойкундӣ, ҳамчунин сухангӯёни вазоратҳои дохилӣ ва маорифи он кишвар ба пурсишҳои Радиои Озодӣ посух надоданд ва дигар мақомоти Толибон низ то кунун дар ин маврид ибрози назар кардаанд.

Ин нахустин ҳодисаи заҳролудшавии мактабхонҳо дар ин вилоят нест. Соли гузашта ҳам ба гуфтаи масъулин, ҳудуди 80 мактабхон ва муаллими зан дар яке аз мактабҳо заҳролуд шуда буданд. Дар замони ҳукумати пешин ҳам чанд бор дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон, чунин ҳодисаҳо рух дода буд.