Даври чоруми гуфтугӯҳо миёни Эрон ва Амрико 11 май доир мешавад

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон хабар дод, ки даври чоруми музокироти ҳастаии Теҳрон ва Вашингтон қарор аст рӯзи 11 май дар Умон баргузор шавад.

Хабаргузории "Рейтерз" низ ба нақл аз манбаъҳои худ гузориш дод, ки Стив Виткофф, намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар умури Ховари Миёна, қарор аст дар ин рӯз ба Умон сафар кунад, то дар музокирот бо Эрон иштирок кунад.

Ин давр аз музокирот қарор буд, 3 май дар Рим, пойтахти Италия баргузор шавад, вале мақомҳои эронӣ ва умонӣ аз таъхир дар он ба сабабҳои "фаннӣ ва логистикӣ" хабар дода буданд.

Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар соли 2015 ба созиши ҳастаӣ бо номи Барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак ё БАРҶОМ, даст ёфтанд ва Трамп, ки аз мухолифони ин созишнома буд, дар соли 2018 хуруҷи Амрико аз ин созишномаро эълом кард.

Эрон талош барои даст ёфтан ба силоҳи ҳастаиро рад мекунад, аммо пас аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, аз ӯҳдадориҳои худ дар чорчӯби ин созиш канор рафт ва мизони ғанисозии уранюмро ба вижа дар як соли гузашта, ба шиддат афзоиш додааст.