Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як нозири барқ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар додааст.
Ба иттилои ВКД, ин нозири 53-сола аз 24 сокини ноҳия қариб 31 ҳазор сомонӣ пули истифодаи барқро гирифта, танҳо 6,5 ҳазорашро ба давлат супоридааст.
Дар ҳоле, ки назари ин мард ба қазия маълум нест, мақомот мегӯянд, нозири барқ 24 ҳазор сомонии пули истифодаи барқро азхуд кардааст.
Дар як ҳафтаи ахир ин бори дуюм аст, ки мақомот аз боздошти нозирон барои дуздии пули барқ хабар медиҳанд.
Пеш аз ин Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, се нозири барқро дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ дастгир кардааст.
Ҳамаи онҳо ба он муттаҳам мешаванд, ки пули истифодаи барқро аз мардум ҷамъ карда, вале ба давлат насупоридаанд.
Боздошти ин масъулин дар пайи сахтар шудани ҷазо барои дуздии барқ анҷом мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 15-уми апрел иловаҳоро ба Кодекси ҷиноӣ имзо кард, ки барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.
Ду рӯз пас аз имзои ин фармон, барои назорати бахши энергетика дар Тоҷикистон ниҳоди нав таъсис дода шуд.