Як зан аз шаҳри Турсунзода порае аз ҷигарашро ба домоди хонавода тақдим намуда, ӯро аз марг наҷот додааст. Равшан Каримов, сокини 48-солаи шаҳри Турсунзодаро се ҳафта пеш бо ташхиси "сиррози ҷигар" ба Беморхонаи “Истиқлол” овардаанд. Барои наҷоти ҷонаш эҳтиёҷ ба пораи ҷигари яке аз наздиконаш дошт, ки гурӯҳи хунашон мувофиқ ояд.
Равшан Каримов ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки се сол боз аз бемории ҷигар ранҷ мекашад ва хоҳарарӯсаш бо тақдими порае аз ҷигар ӯро аз ин азоб халос кард.
Пайванди ҷигар дар Беморхонаи "Истиқлол" анҷом шудааст
"Шикамам варам кард, азоб кашидам, аз шикамам 25 литр об рафт. Дар як вақти бисёр душвор, ки ҳеҷ дар хаёлам намеомад, рафта ташхис супорида омада, порае аз ҷигарашро ба ман дод, пайванд карданд. Ба ин табибон ҳам ташаккур, ки хуб нигоҳбин доранд,"-афзуд ӯ.
Мегӯяд, дар аввал намедонист, ки вокуниши дигар аъзои хонаводаи ҳамсараш ба ин тасмими хоҳарарӯсаш чӣ гуна мешавад.
"Ба ӯ гуфтам, ки шавҳар дорӣ, кӯдак дорӣ, баъд чихел мешавад? Лекин ҳамаашон иҷозат доданд. Имрӯз вай ҳам нағз ман ҳам. Бовар кунед хоҳарарӯсам тило будааст, боҷаам низ мардӣ кард,"-гуфт ӯ.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Қайсингилам тило будааст, боҷаам ҳам мардӣ кард”
Ба гуфтаи Равшан Каримов, дар амалиёти пайванди ҷигар хушдоманаш ташаббускорӣ асосӣ будааст ва барои ҳамеша аз ӯ қарздор аст.
Фотима Рӯзиева, хоҳарарӯси ин мард хушҳол аст, ки тавонистааст ҳаёти домодашонро наҷот додааст. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, танҳо баъди гирифтани розигии шавҳар, порае аз ҷигарашро ба домоди хонавода дод.
Дар шабу рӯзе, ки хабарҳо аз муноқишаҳои хонаводагӣ бештар расонаӣ мешавад, Равшан Каримов мегӯяд, дар 15 сол зиндагии муштарак бо ҳамсараш боре муноқиша накарда, бо хонаводаи онҳо робитаи хубе доранд.
Пайванди ҷигари Равшан Каримов дар Беморхонаи "Истиқлол"-и Душанбе анҷом ёфтааст. Маҳмадшариф Мирғозиев, як масъули ин бемористон ба Радиои Озодӣ гуфт, пайванди ҷигар охирин роҳи табобати Каримов буд, ки дар сурати анҷом надодан эҳтимолан ӯро аз даст медоданд. "Ин кори кӯчак нест. Бояд бинем, ки чунин инсонҳо низ ҳастанд,"-мегӯяд Мирғозиев.
Пизишкон вазъи саломатии ин беморро хуб арзёбӣ мекунад.
Равшан Каримов 48-сол дошта, соҳиби 4 фарзанд аст. Феълан бекор буда, дар гузашта муҳоҷири меҳнатӣ будааст.
Солҳои ахир ҷарроҳии гуногуни пайванди узвҳои бадан дар Тоҷикистон низ анҷом мешавад. Ба иттилои табибони Беморхонаи “Истиқлол”, танҳо дар соли 2024 беш аз 100 амалиёти ҷарроҳии пайванди аъзои бадан дар инҷо анҷом ёфтааст.