Рӯзи 6 май дар Новосибирск нерӯҳои амниятӣ ҳамроҳ бо созмони миллатгарои «Русская община» ва ё «Ҷомеаи русҳо» дар бозори "Мандарин" рейд гузаронданд. Корбарони Радиои Озодӣ аз ҷараёни ин рейд навореро фиристоданд, ки дар он дида мешавад, чӣ гуна афроди ниқобпӯш муҳоҷиронро дар замин хобондаву бераҳмона калтаккорӣ мекунанд.
Дар ҳоле, ки, ба гуфтаи мусоҳибони мо, ин муҳоҷирон ҳама ҳуҷҷатҳояшон расмӣ буда, қонунӣ фаъолият доранд. Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, бозори мазкур тақрибан панҷ моҳи пеш ба фаъолият оғоз карда, дар он ҷо муҳоҷирони узбеку тоҷик ва қирғизу озарбойҷонӣ кор мекунанд.
Ин бори аввал нест, ки ҳангоми рейдҳо дар Русия муҳоҷирон бераҳмона латтукӯб мешаванд. Ҳафтаи равон Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз зиёд шудани ҳолатҳои бадрафторӣ нисбат ба шаҳрвандони ин кишвар изҳори нигаронӣ намуда дар ин робита сафири Русияро барои сӯҳбат даъват кард.
Ҳамчунин моҳи гузашта тафтиши таҳқиромези муҳоҷирони қирғиз дар ҳаммоми Маскав вокуниши ҷиддии вакилони Қирғизистонро ба бор овард.