Садри аъзами Олмон Фридрих Мертс гуфт, касе дар ҳукумати ин кишвар дар робита бо масоили муҳоҷират ҳолати фавқулодда ҷорӣ накардааст. Мертс рӯзи 9 май дар Брюссел гузориши нашрияи Welt-ро аз рӯзи пеш рад кард.
Велтс, ки дар ҷараёни нахустин сафараш дар мақоми садри аъзами Олмон ба Брюссел дар паҳлӯи Антонио Коста, раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, аз ҷумла, гуфт:
Сарҳади Олмону Полша
“Мо ҳоло тафтишҳои бештарро дар сарҳадҳо барпо кардаем. Ин тафтишҳо монанд ба замони Ҷоми Аврупо оид ба футбол дар соли гузашта мебошад. Мо инчунин бозпас фиристодани одамон (муҳоҷирони ғайриқонунӣ)-ро идома хоҳем дод. Вале тамоми ин тадбирҳо мутобиқ ба қонунҳои Аврупо мебошанд”, гуфт Мертс.
Рӯзи 8 май нашрияи Welt навишт, ки садри аъзами Олмон Фридрих Мертс дар соҳаи муҳоҷират ҳолати фавқулодда ҷорӣ намуда, қоидаҳои Дублинро барои паноҳҷӯён гӯё бекор кардааст. Нашрия навишт, ки гӯё дар бораи ин қарор Олмон тавассути вазорати умури дохилии худ сафирони кишварҳои ҳамсояро огоҳ кардааст.
Олмон яке аз кишварҳои муҳими муҳоҷирпазир дар Аврупо буда, аз ҷумла, шумори паноҳҷӯён аз Тоҷикистон низ дар ин кишвар ҳазорҳо нафарро ташкил медиҳанд. Дар миёни онҳо ҳам муҳоҷирони иқтисодӣ ва ҳам сиёсӣ ҳастанд, ки аз фишору саркӯб дар Тоҷикистон дар ин давлати аврупоӣ сарпаноҳ ёфтаанд.
Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар гузориши ахираш гуфт, ки аз 725 муҳоҷир аз Тоҷикистон дар хоки Иттиҳоди Аврупо, ки порсол амри тарки ин қаламравро дарёфт карданд, 19 дарсадашон чунин қарорро аз Олмон дарёфт кардаанд.