Конклав ё анҷумани рӯҳониёни баландмақом шоми 8 май попи нави Румро интихоб кард. Роберт Френсис Превост, кардинали амрикоӣ раҳбарии калисои католикии ҷаҳонро ба ӯҳда гирифт.
Превост 69 сол дорад ва баробари интихоб шуданаш номи Леои 14-умро гирифт. Леои 13-ум дар солҳои 1878 то 1903 раҳбарии калисои Румро ба ӯҳда доштааст. Аввалин муроҷиате, ки Леои 14-ум баъди эълони муаррифиаш ба забон овард, ибораи «Ба шумо сулҳ таманно дорам» буд.
Ӯ гуфт, «Ин аввалин ҳарфҳои баъди растохези Исои Масеҳ – кашиши меҳрубоне буд, ки ҷонашро ба хотири Худо қурбон кард. Мехоҳам, ки ин паёми сулҳ ба дилу хонаводаҳои мо ҷой шавад”. Ӯ таъкид кард, ки калисои католикӣ бояд талош кунад, “наздиктар ба онҳое, ки ранҷ мекашанд, бошад”.
Интихоби раҳбари нави калисои католикро президент ИМА Доналд Трамп истиқбол кард ва гуфт, боиси ифтихор аст, ки як рӯҳонии амрикоӣ ба ин мақом интихоб шудааст.
Превост дар гузашта дар калисои Перу ҳам кор карда, шаҳрвандии ин кишварро низ дорад. Ӯ ширкати занонро дар мудирияти кори калисо пуштибонӣ карда, аз ҷумла се рӯҳонии занро барои интихоботи усқуф ҷалб кардааст.