Раиси пешини Конибодомро зиндонӣ карданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додгоҳи Конибодом раиси собиқи ҳамин шаҳр Абдусалом Тухтасунзодаро ба 12 соли  зиндон маҳкум кардааст. Ҳукм ҳафтаи гузашта содир шуда, вале ҳануз қувваи қонунӣ нагирифтааст. Мақомот ва пайвандонаш аз додани ҳама ҷузъиёт худдорӣ мекунанд ва маълум нест, ки аз болои ҳукм шикоят мебаранд ё не.