"Саҳми ҳампаймонҳоро дар ғалаба қадр мекунем" - Путин

9 май, паради ҳарбӣ дар Маскав. Раҳбари Чин Си Ҷинпин дар паҳлӯи президенти Русия Владимир Путин нишастааст

Президенти Русия Владимир Путин зимни ифтитоҳи паради ҷашнӣ ба муносибати 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон гуфт, Русия ба саҳми артишҳои муттафиқон дар пирӯзӣ бар насизм баҳои баланд медиҳад.

Путин, ки рӯзи 9 май дар Майдони сурхи Маскав суханронӣ мекард, гуфт, «Саҳми артишҳои муттафиқон, ширкатдорони ҳаракати Муқовимат, мардуми ҷасури Чин ва ҳамаи онҳоеро, ки барои ояндаи босубот мубориза бурдаанд, бисёр қадр мекунем», гуфт Путин.

Ӯ гуфт, Олмони нозӣ, Ҷопони милитаристӣ ва тарафдорони онҳо дар нуқоти мухталифи ҷаҳон бо талоши дастаҷамъонаи кишварҳои узви милали муттаҳид торумор карда шуданд. Ӯ афзуд, «мо ҳамеша дар хотир дорем, ки боз шудани ҷабҳаи дуюми ҷанг дар Аврупо баъди муҳорибаҳои ҳалкунанда дар хоки СССР рӯзи ғалабаро наздиктар кард».

Путин, ки барои ҳуҷумаш ба хоки Украина дар соли 2022 мавриди маҳкумияти аксар кишварҳои ғарбу Аврупо қарор гирифта кишвараш дар инзивои байналмилалӣ қарор дорад, то ҳол ҳеҷ аломате барои хатми ин ҷанги пурқурбонӣ нишон намедиҳад.

Дар суханронии рӯзи ҷумъааш ӯ аз ҳуҷумаш ба хоки Украина бори дигар дифоъ кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, Русия аз мубориза бо «насизм, русбадбинӣ, яҳудиситезӣ даст намекашад» ва иддао кард, «тамоми кишвар, ҷомеа ва мардум ширкатдорони Амалиёти вижаи ҳарбиро дастгирӣ мекунанд».

Маълум нест, ин иддаои Путин бар чӣ асос ёфтааст, вале бино ба хабарҳои матбуот, ҳабси норозиён ва фирори ҳазорҳо нафар аз Русия дар ин се соли гузашта, шумори мардуми норозӣ бо сиёсати Кремлин ва ҷанги бедалел дар хоки кишвари ҳамсоя кам нест.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шурӯи паради ҳарбӣ дар МаскавОташбаси серӯзаи пешниҳодии Кремл ба иҷро даромадВенс гуфт, Русия "талаботи аз ҳад беш пеш гузоштааст"