"Толибон" бозии шатранҷро манъ карданд

Ҳукумати "Толибон" баргузории бозии шатранҷро дар Афғонистон муваққатан манъ кардааст.

Ба гузориши бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, сухангӯи идораи варзиши "Толибон" 11-уми май далели ин иқдомро "мушкилот дар сатҳи роҳбарии Федератсияи шатранҷ ва мулоҳизоти шаръӣ" дар бораи ин намуд варзиш унвон кард.

Ин мақомдори "Толибон" гуфт, ки "пас аз баррасиҳои шаръӣ дар хусуси бозии шатранҷ ва ҳалли нофаҳмиҳо дар сатҳи роҳбарии Федератсияи шатранҷ", дар бораи иҷозат додан ё надодан ба ин намуд бозӣ тасмим гирифта мешавад.

Гуруҳи “Толибон” аз замони бозгашт ба қудрат дар Афғонистон дар соли 2021, маҳдудиятҳои зиёде дар варзиш ҷорӣ кардаанд. Азҷумла ширкати занон ва духтарон дар мусобиқаҳои варзишӣ манъ шуд.

“Толибон” ҳамчунин муҳорибаҳои омехта ва бадансозӣ (бодибилдинг)-ро ҳам мамнуъ карданд.