Таҷлил аз 80-солагии пирӯзии Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ дар ҷанги ҷаҳонии дуввум дар ҳоле сурат мегирад, ки баҳсҳо бар сари мероси ин пирӯзӣ меафзояд.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомот ба назди ҳамсояҳои Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Душанбе рафта, аз онҳо дар бораи ин мақомдори собиқ пурсидаанд. Абдуллозода 2-юми май ба дунболи барканориаш боздошт шуда буд.
Гузориши нави Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, ки як идораи вобаста ба СММ мебошад, мегӯяд, соли 2024 аз хориҷа ба Тоҷикистон 5,8 миллиард доллар маблағ (ё 45% маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар) ирсол шудааст. Пулҳои интиқолӣ 27% бештар назар ба соле аз он пеш мебошад.
Парвозҳои миёни Душанбе ва Маскав баъди таъхири якрӯза барқарор шуданд. Дар ин бора матбуоти Русия ва Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 8 май бо такя ба маъмурияти фурудгоҳҳои Маскав ва Душанбе хабар доданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 8 май дар маросими гулгузорӣ ва паради ҳарбӣ ба муносибати таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе иштирок намуд.
Додгоҳе дар вилояти Суғд собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзодаро ба 12 соли ҳабс маҳкум кардааст. Ҳукм 30 апрел дар як мурофиаи пӯшида содир шуда, ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст.
Қарор аст рӯзҳои 8 ва 9 май дар Тоҷикистон ҷашнҳои бахшида ба 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон барпо шаванд.
Ёфтҳои бештар