Роберт Френсис Превост - рӯҳонии 69-сола пешвои нави 1 миллиарду 400 миллион пайрави калисои католик дар ҷаҳон шуд.
Додгоҳи зинаи касатсионӣ дар ИМА иборат аз 11 додрас, дастур додааст, ки Оҷонси байнулмилалии расонаҳои Амрико (USAGM) буҷаи моҳи апрели Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро дар ихтиёри ин расона бигузорад.
Раисҷумҳури Амрико рӯзи 7 май дар посух ба пурсиши яке аз хабарнигорон дар бораи эҳтимоли тағйири номи "Халиҷи Форс" ба "Халиҷи Арабӣ" дар санадҳои расмии Амрико, посух дод.
Покистон мегӯяд, ки бар асари ҳамлаҳои Ҳинд ба чанд нуқта дар ин кишвар, дастикам 26 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шуданд. Нахуствазири Покистон гуфтааст, ки кишвараш ба ҳамлаҳои шаби 7 май, дар замон ва макони муносиб посух хоҳад дод.
Артиши Исроил шоми 5 май эълон кард, ки дар вокуниш ба ҳамлаи мушакии як рӯз пештари ҳусиҳо ба наздикии фурудгоҳи аслии ин кишвар, Бандари Ҳудайда дар Яманро ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додааст.
Рӯзи якшанбе пас аз партоб шудани мушаке дар фурудгоҳи байналмилалии Бен-Гуриони шаҳри Телавив, мусофирони зиёде ба таҳлука афтоданд.
Ду блогер ва мунаққиди ҳукумати Туркманистонро дар Туркия боздошт кардаанд. Алишер Сахатов ва Абдулло Орусовро барои нигаҳдорӣ ба маркази муҳоҷирони хориҷшуда интиқол додаанд.
Додгоҳи Бишкек фаъоли мухолиф Тилекмет Куреновро то 19-уми май ба ҳабс гирифт. Мурофиа пушти дарҳои баста гузашт.
Кумитаи дифоъ аз журналистон, мақарраш дар Амрико, вазъи озодии матбуотро дар ин кишвар дар сад рӯзи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп интиқод кардааст.
Ҳукумати Украина ва Амрико созишномаеро имзо карданд, ки ба Иёлоти Муттаҳида имкон медиҳад, қарордодҳои боимтиёз барои истихроҷи маъдан дар Украинаро ба даст биёрад ва айни замон бозсозии онро таъмини молӣ кунад.
Дилдор Хон тамоми умрашро дар Покистон гузарондааст. Мақомоти ин кишвар чанде пеш ӯро ба “хона”, ба Афғонистон, фиристоданд. Дар ҳафтаҳои охир ба монанди Дилдор Хон 100 ҳазор паноҳҷӯйи афғон аз Покистон берун карда шуданд.
Ёфтҳои бештар