Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиати зебо, мардуми меҳрубон, чангу ғубор ва интернети суст...Тоҷикистон аз диди сайёҳон


Мақомоти тоҷик пайваста аз афзоиши шумори сайёҳон ва беҳбудӣ дар хидматрасонӣ ба онҳо, ситоиш мекунад. Вале камбуди ҳоҷатхонаҳо дар роҳу минтақаҳои сайёҳӣ, суръати пасти интернет ва чангу ғубор аз таъсири сохтмону таъмири роҳҳо, аз мушкилиҳое ҳастанд, ки боиси нороҳатии бархе ҷаҳонгардон шудааст.

Ҳамасола бо гарм шудани ҳаво дар Тоҷикистон, ҳузури сайёҳони хориҷӣ дар гӯшаҳои гуногуни кишвар бештар мешавад.

Владимир Сергеев, сайёҳи рус ҳамроҳи ҳамсараш рӯзи чаҳоршанбеи 7 май аз шаҳри Краснодари Русия ба Душанбе омадааст. Онҳо бори аввал ба Тоҷикистон омадаанд ва мехоҳанд аз наздик бо кишвар ва таъриху фарҳанги он шинос шаванд.

Ӯ мегӯяд, ки дар рӯзҳои иди моҳи май тасмим гирифт бо ҳамсараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кунад ва ҳоло аз Алмато ба Душанбе омаданд.

"Таассуроти аввал хуб аст, албатта, гарм аст, ҳарчанд аввали моҳи май мебошад. Хиёбони марказӣ хеле замонавӣ аст, мо то ҳол ба ягон ҷо набаромадаем, ҷойҳои тамошобобро надидаем, аммо дар меҳмонхона ҳама чиз хуб буд. Мехоҳем аз марказ дуртар равем ва ба фарҳанги мардуми тоҷик бештар шинос шавем",-гуфт, ин сайёҳи рус.

Бархе аз сайёҳони хориҷӣ, ки тақрибан 10 рӯз пеш ба Тоҷикистон омада, гӯшаҳои гуногуни онро тамошо кардаанд, мегӯянд, дар баробари дидани зебоиҳо, ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудаанд.

Шумораи саёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:57 0:00

Ларри Тоунсенд, сайёҳ аз Амрико, рӯзи 7 май ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки то омадан ба Тоҷикистон, фақат дар бораи кишвар ва мардумаш шунида буд.

Ба гуфтаи ин ҷаҳонгарди амрикоӣ, дидани зебоиҳои Тоҷикистон ӯро ба шигифт овард ва мардуми инҷоро меҳрубону меҳмоннавоз ёфт. Вале ба гуфтааш, баъзе мушкилиҳо буданд, мисли роҳҳои вайрону валангор ва таъмирталаб, аз ҷумла "Роҳи Абрешим".

"Мо дар Бадахшон низ будем. Давоми даҳ рӯз бо интернет мушкил доштем, суръати интернет суст аст",-афзуд, Ларри Тоунсенд, сайёҳи амрикоӣ.

Триве Грегори, сайёҳи дигар аз Зеландияи Навро чангу ғуборҳои ба гуфтааш аз сохтмону таъмири роҳҳо, нороҳат кардааст: "Аз гулҳои шаҳри Душанбе хеле хушам омад. Аммо ҳангоми сафар ба дигар минтақаҳо, аз чангу ғуборе, ки дар натиҷаи бунёду таъмири роҳҳои наздмимарзӣ бо Афғонистон буд, нороҳат шудем".

Сопронил Боруа, шаҳрванди Ҳиндустон сайёҳаташро дар Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ шурӯъ кардааст. Дар бораи фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон маълумот доштааст ва ҳоло мехоҳад аз наздик бештар шинос шавад.

Вай дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Як чизро шумо дар ёд дошта бошед, ки ҳамаи адёни ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ пайдо шудаанд. Аз ин рӯ, фарҳангҳои гуногун, манотиқи гуногун, давраҳои гуногун таъсири худро расонданд. Аз зардуштиҳо сар карда то юнониҳову масеҳиҳову мусулмонон дар ин минтақа таъсиргузор буданд. Ба ҳамватанонам тавсия медиҳам, ки ҳатман аз Тоҷикистон дидан кунанд".

Дар чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла раҳбарони Кумитаи рушди сайёҳии кишвар аз беҳтар шудани шароит барои сайёҳон ва афзоиши онҳо ситоиш мекунанд. Вале дар гузашта шикоятҳое дар бораи ришваситонӣ ва ё рафтори дағалонаи мақомоти милиса бо ҷаҳонгардон, ҳам садо дода буд.

Ба қавли Амир Исаев, роҳбари ширкати сайёҳии "Амир-тур", ҳоло маконҳои зебое дар Тоҷикистон байни сайёҳони хориҷӣ маъруфанд.

"Аммо мушкили логистикӣ, хидматрасонӣ дорем. Бо партовҳое, ки баъди рафтани сайёҳон дар куҳсор боқӣ мемонанд, мушкил дорем. Чӣ қадаре, ки сайёҳон зиёд мешаванд, партовҳо баъди рафтани онҳо бештар мемонанд. Набудани ҳоҷатхонаҳо низ яке аз камбудҳои дигар аст. Дар хатсайрҳои сайёҳӣ ҳоҷатхонаҳо каму беш ҳам бошанд, аммо онҷоро касе тамиз намекунад. Мушкили дигар, суръати пасти интернет мебошад. Бояд сайёҳон имкони тамос ва пайваст шудан бо интернети босифатро дошта бошанд, зеро онҳо дар шароити вазнини кӯҳсор қарор доранд".

Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мавзӯъро баъдан шарҳ хоҳанд дод.

Дар Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламраваш кӯҳсор аст, аксаран ҷаҳонгардон ба сайёҳати табиат ва кӯҳсори кишвар мераванд. Бо вуҷуди баъзе мушкилиҳо, ҳамсӯҳбатони мо аз миёни ҷаҳонгардон гуфтанд, ки аз сафарашон ба Тоҷикистон пушаймон нестанд ва аз табиати зебо ва муносибати гарму самимии мардум ба ваҷд омадаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиону 400 ҳазор сайёҳ омадаанд, ки дар муқоиса ба соли 2023 шонздаҳ дарсад зиёд будааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG