Дар чанд ҷумла
Мухолифони муҳоҷирон дар интихобот пирӯз мешаванд?

Дар Маҷористон интихоботи порлумонӣ шурӯъ шуд ва интизор меравад дар он ҳизби миллатгарои нахуствазир Виктор Орбан, аз мухолифони сарсахти муҳоҷирон пирӯз шавад.
Бино ба пешбиниҳо, мумкин аст, Ҳизби Фидез дар интихоботи рӯзи 8-уми апрел тақрибан 50 дар сади раъйи мардумро ба даст биёрад. Дар сурати пирӯзӣ, Виктор Орбан, ки аз мунтақидони Иттиҳодияи Аврупо ва мухолифони омадани муҳоҷирон ба Маҷористон аст, бори саввум ва паёпай нахуствазири Маҷористон мешавад.
Дар интихобот Ҳизби тундгарои Ҷоббик ва Ҳизби Сотсиалист ҳам ширкат доранд вале ба эҳтимоли ғолиб раъйи ками мардумро ба даст меоранд.
Дар Маҷористон 8 миллиону 300 ҳазор нафар ҳаққи раъй доранд. Виктор Орбан рӯзи 6-уми апрел интихоботро имконе барои мардуми Маҷористон барои “пас гирифтани кишварашон” номид.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Артиши Русия бо 108 паҳпод ба Украина ҳамла кардааст

Бо поёни оташбаси серӯза, артиши Русия ба чанд минтақаи Украина ҳамла кардааст.
Неруҳои ҳавоии Украина субҳи 11-уми май эълон кард, ки неруҳои русӣ шаби гузашта ба сӯи шаҳр ва вилояти Киев 108 бесарнишин партоб карданд. Мақомоти украинӣ гуфтанд, 60 паҳпод дар ҳаво нобуд шуда, боқимондаҳо низ хисороти ҷиддие дар пай надоштанд.
Фармондеҳии неруҳои ҳавоии Украина танҳо аз захмӣ шудани ду нафар дар вилоятҳои Киев ва Суми хабар додааст.
Дар ҳамин ҳол волии вилояти Белгороди Русия ҳам аз ҳамлаи паҳподҳои украинӣ хабар додааст. Вячеслав Гладков гуфтааст, дар ин ҳамлаҳо як нафар маҷруҳ шудааст ва ӯро бистарӣ карданд.
Владимир Путин, президенти Русия, дар пайванд ба иди ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон оташбаси серӯза эълон карда буд. Ин оташбас аз соати 12-и шаби 8-уми май то 11-уми май таъин шуда буд. Украина гуфт, ин оташбас риоя нашудааст.
Кишварҳои ғарбӣ ва Киев хостори оташбаси 30-рӯза ҳастанд.
Истиқболи Доналд Трамп аз гуфтугӯҳои тиҷорӣ бо Чин

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфтугӯҳои тиҷориро бо Чин "бисёр хуб" ва "созандаву дӯстона" тавсиф кард. Музокироти мақомоти баландпояи Амрико ва Чин бо ҳадафи коҳиши танишҳои тиҷоратӣ рӯзи 10-уми май дар шаҳри Женева, пойтахти Швейтсария оғоз шуд.
Дар ин мулоқот Скотт Бессент, вазири молияи Амрико ва Хэ Лифэн, муовини нахуствазири Чин ҳузур доранд.
Аз замони ҷорӣ шудани таърифаҳои ИМА бар молҳои Чин ин аввалин дидори мақомоти баландпояи ду кишвар мебошад.
Доналд Трамп моҳи апрел барои молҳои Чин 145 дарсад таърифа ё боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард. Вай сабаби тасмимро ба “беэҳтиромии Чин нисбат ба бозорҳои ҷаҳонӣ” пайванд дод.
Чин дар посух ба тасмими Амрико таърифа ё боҷи гумрукиро барои молу колои воридотӣ аз Иёлоти Муттаҳида ба 125 дарсад расонд. Пештар он 84 дарсадро ташкил медод.
"Худ ва ду фарзандашро ба дарё мепартофт." Қасди худкушии як зан дар Душанбе

Пулиси Душанбе мегӯяд, аз худкушии як зан бо ду фарзанди хурдсолаш пешгирӣ кардаанд.
Ба иттилои расмӣ, ин зани 38-сола мехост худ ва ду фарзандашро ба дарёи Душанбе партояд. Ҳодиса шомгоҳи 10-уми май рух додааст.
Мақомот бидуни шарҳи зиёд навиштаанд, як корманди пулис ва ду сокин, ки дар наздикии ҷойи ҳодиса буданд, зан ва фарзандонашро аз ҳалокат раҳонданд.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин зан бо чӣ далел хостааст, худ ва фарзандонашро нобуд кунад. Мақомот мегӯянд, зан зери назорати пизишкон буда, “сабаби ҳодиса ва ҳолати рӯҳиву равонии номбурда муайян карда хоҳад шуд.”
Ин бори аввал нест, ки занон дар Тоҷикистон худ ва фарзандонашро ба дарё мепартоянд. Айни ин ҳодиса қаблан дар чандин минтақаҳои Тоҷикистон саб шудааст.
Равоншиносон хушунати хонаводагиро як сабаби даст ба худкушӣ задани занон медонанд.
Эрон фиристодани мушаки "Фатҳ 320"-ро ба Русия рад кард

Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони милал ирсоли дастгоҳи мушакии “Фатҳ 320”-ро ба Русия рад кардааст. Хабаргузории "Ройтерс" рӯзи 9-уми май бо такя ба се манбаъ хабар дод, ки Эрон дар тадорукот барои ирсоли дастгоҳи мушакии “Фатҳ 320” ба Русия аст.
Хабаргузории “Ройтерс” ба нақл аз ду мақоми амниятии ғарбӣ ва як мақоми минтақавӣ гузориш додааст, ирсоли ин силоҳҳо кумаки Теҳрон барои таҷовузи Русия ба Украина аст.
Аммо намояндагии Эрон дар СММ 10-уми май гузоришро “иддаои масхараомез” хонд ва афзуд "хабаргузории Ройтерс ҳамчунон ба нашри иттиҳомҳои беасос алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон давом медиҳад."
"То замоне, ки муноқиша миёни тарафайн идома дошта бошад, Эрон аз ирсоли ҳаргуна кумаки низомӣ ба ҳар яке аз тарафайн худдорӣ мекунад,"-навиштааст хабаргузории давлатии Эрон аз қавли намояндагии ин кишвар дар СММ.
Мушакии баллистикии “Фатҳ 320” бо бурди 120 километр аз навтарин силоҳҳои Эрон аст. Таҳлилгарон мегӯянд, Русия метавонад аз ин силоҳ барои ҳамла ба неруҳои Украина дар хатти аввали ҷанг истифода кунад.
Расонаҳо: ҳашт коргари афғонистонӣ дар Тоҷикистон ҷон бохтаанд

Расонаҳои Афғонистон бо такя ба мақомоти ҳукумати Толибон дар он кишвар хабар доданд, ки ҳашт коргари афғонистонӣ бар асари оташсӯзӣ (таркиш) дар яке аз конҳои ангишт дар шимоли Тоҷикистон, ҷон бохтаанд. Мақомоти Тоҷикистон аз чунин ҳодиса изҳори бехабарӣ мекунанд.
Телевизиони миллии Афғонистон, ки зери назорати Толибон аст, рӯзи 10-уми май бо такя ба Раёсати омодагии мубориза бо ҳодисаҳои табииӣ Толибон дар вилояти Дойкундӣ хабар додааст, ки ҳамаи қурбониён сокинони ҳамин вилоят ҳастанд.
Бар пояи ин хабар, панҷ нафар аз ин қурбониён аз ноҳияи Шаҳристон, ду нафар аз ноҳияи Мир Омур ва як нафар аз ноҳияи Уштурлии вилояти Дойкундӣ буданд.
Вебсайти ҳафтаномаи "8 субҳ" бо нашри аксҳои ин ҳашт нафар навишт, ки ҳодиса дар яке аз конҳои ангишти вилояти Суғд рух додааст.
Сафҳаи рӯзноми "Иттилои рӯз" бо нашри аксҳои қурбониён аз онҳо Козим Бейгӣ, Абдуллоҳ Аҳмадӣ, Ҳасан Ализода, Ҳусейн Бахш, Муҳаммад Амир, Алиҷон, Қурбон ва Исмоил Раҳимӣ, ном бурд.
Як манбаъ ба рӯзномаи "Иттилои руз" гуфтааст, ки ҳодиса нимарӯзи ҷумъа, 9-уми май рух додааст. Ба навиштаи ин рӯзнома, ҳодиса дар як кони ангишсанг дар ноҳияи Айнӣ рух додааст. Манбаъ сабаби таркишро гази даруни кон хондааст.
"Иттилои рӯз" менависад, ки ҷасадҳои ин афрод субҳи шанбеи 10-уми май ба Афғонистон мунтақил шуд ва нимарӯзӣ ба вилояти Кундуз расидааст. Ин манбаъ афзуд, ки коргарони аҳли Афғонистон барои як ширкати паймонкори афғонистонӣ кор мекарданд.
Манбаи "Иттилои рӯз" аз масъулини ин ширкат "Раис Руҳуллоҳ" ва "Тақӣ Дилсӯз" ном бурда ва гуфтааст, ки онҳо бо як зерширкати "Фароз" ҳамкорӣ доранд. На масъулини ширкати паймонкори афғонистонӣ ва на ҳамкорони тоҷикистониашон то лаҳзаи нашри ин хабар, дар ин робита ибрози назар накардаанд. “Фароз” ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, ки соли 2020 эълон кард, ки фаъолияти худро қатъ мекунад. Ҳарчанд таҳқиқоти журналистӣ нишон додаанд, ки ширкатҳои зертобеи "Фароз" ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳанд.
Намояндагони идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ рух додани чунин ҳодисаро тасдиқ накарданд. Як масъули ин идора 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳолати рух додани чунин ҳодисаҳо наҷотдиҳандагонро даъват мекунанд. "Ба мо ҳеч кас хабар надодааст,"-гуфт ин манбаъ.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин шаҳрвандони Афғонистон чӣ гуна ба Тоҷикистон омада ва ба кор истихдом шудаанд.
Путин ба Украина музокироти мустақим пешниҳод кард

Президенти Русия Владимир Путин ба Украина пешниҳод кард, ки музокироти мустақим миёни ду кишвар азсар гирифта шавад. Ба гуфтаи Путин, музокирот метавонад аз 15-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия оғоз шавад. Вале раиси ҷумҳури Русия дар бораи пешниҳоди оташбаси 30-рӯза чизе нагуфт. Кишварҳои ғарбӣ ва Киев хостори оташбаси якмоҳа ҳастанд.
Владимир Путин нимашаби 11-уми май дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар ҷараёни сафари роҳбарони чанд кишвар ба Маскав "ҳалли низоъ дар Украина"-ро баррасӣ кардаанд.
Президенти Русия Киевро ба риоя накардани созиш дар бораи ҳамла накардан ба иншоотҳои энергетикӣ ва оташбаси серӯза муттаҳам кард. Украина баръакс Русияро ба он муттаҳам мекунад, ки бо вуҷуди созиш ба зерсохтҳои энергетикӣ ҳамла кардааст.
Дар ҳоле, ки назари мақомдорони украинӣ ба ин даъво маълум нест, Владимир Путин Украинаро ба тарсондани роҳбарони хориҷие муттаҳам кард, ки барои таҷлил аз Рӯзи Ғалаба ба Маскав омада буданд.
Раиси ҷумҳури Русия гуфт, баррасии масъалаи оташбас дар Истанбул мантиқӣ аст. Охирон гуфтугӯҳои Маскав ва Киев соли 2022 маҳз дар Истанбул баргузор шуда, бидуни натиҷа ба анҷом расида буд.
Эълони омодагии Амрико барои кӯмак ба ҳалли муноқишаи Ҳинд ва Покистон

Вазири корҳои хориҷии Амрико Марко Рубио бо фармондеҳи артиши Покистон Осим Мунир ва вазири корҳои хориҷии он кишвар Исҳоқ Дор, суҳбатҳои ҷудогонаи телефонӣ доштааст. Ин тамосҳои телефонӣ дар ҳоле анҷом шуд, ки бомдоди 10 май артиши Покистон ба ҳамлаҳои Ҳинд, посух дод.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо нашри эъломияе гуфт, ки дар ин гуфтугӯ Вазири корҳои хориҷии ИМА аз тарафҳои даргир хост, то роҳҳоеро барои коҳиши таниш пайдо кунанд.
Ӯ пешниҳод кардааст, ки Амрико барои оғози музокироти созанда барои пешгирӣ аз даргириҳои оянда, метавонад кӯмак кунад.
Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор дар гуфтугӯ бо телевизиони покистонии GEO гуфтааст, "тӯб дар майдони Ҳинд аст" ва агар Деҳлӣ ба иқдомҳои низомӣ поён диҳад, Покистон дар бораи сулҳ фикр хоҳад кард.
Исҳоқ Дор ба ҳамтои амрикоии худ гуфтааст, "ҷанг авлавияти мо нест ва мо воқеан хоҳони сулҳ ҳастем, аммо бе бартариталабии ҳеч кишваре".
Вазири корҳои хориҷии Покистон дар идома гуфтааст, ки гуфтугӯҳояш бо раҳбарони ҷаҳон, аз ҷумла, Марко Рубио ва дипломати баландпояи арабистонӣ Одил Ал-Ҷубайр, "мусбат" буд ва умедвор аст музокирот бо Ҳинд оғоз шавад.
Пас аз ҳамлаи рӯзи 22 апрел дар Кашмири зери назорати Ҳинд, ки боиси кушта шудани 26 сайёҳи ҳиндӣ шуд, Деҳлӣ рӯзи 7 май эълон кард, ки "ҳамлаҳои дақиқ"-ро алайҳи "террористҳо" анҷом додааст.
Ҳинд пештар гуфта буд, ки ду нафар аз гумонзадҳои ин ҳамла, шаҳрвандони Покистон ҳастанд, аммо ҳеҷ далел ва санади дақиқе пешниҳод накардааст. Покистон ҳар гуна иртибот бо ин ҳодисаро рад кард.
Даври чоруми гуфтугӯҳо миёни Эрон ва Амрико 11 май доир мешавад

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон хабар дод, ки даври чоруми музокироти ҳастаии Теҳрон ва Вашингтон қарор аст рӯзи 11 май дар Умон баргузор шавад.
Хабаргузории "Рейтерз" низ ба нақл аз манбаъҳои худ гузориш дод, ки Стив Виткофф, намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар умури Ховари Миёна, қарор аст дар ин рӯз ба Умон сафар кунад, то дар музокирот бо Эрон иштирок кунад.
Ин давр аз музокирот қарор буд, 3 май дар Рим, пойтахти Италия баргузор шавад, вале мақомҳои эронӣ ва умонӣ аз таъхир дар он ба сабабҳои "фаннӣ ва логистикӣ" хабар дода буданд.
Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар соли 2015 ба созиши ҳастаӣ бо номи Барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак ё БАРҶОМ, даст ёфтанд ва Трамп, ки аз мухолифони ин созишнома буд, дар соли 2018 хуруҷи Амрико аз ин созишномаро эълом кард.
Эрон талош барои даст ёфтан ба силоҳи ҳастаиро рад мекунад, аммо пас аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, аз ӯҳдадориҳои худ дар чорчӯби ин созиш канор рафт ва мизони ғанисозии уранюмро ба вижа дар як соли гузашта, ба шиддат афзоиш додааст.
Беш аз 200 донишомӯзи духтар дар вилояти Дойкундӣ заҳролуд шудаанд

Даҳҳо донишомӯзи духтари як мактаби ибтидоӣ дар ноҳияи Кайти вилояти Дойкундии Афғонистон бар асари заҳролудшавии машкук, бистарӣ шудаанд. Бисёре аз хонаводаҳо аз вазъи бади фарзандонашон, нигарон ҳастанд.
Дар наворҳои видеоие, ки аз сӯи кормандони бахши тандурустӣ ва табибони ин ноҳия ба Радиои Озодӣ фиристода шуд, дида мешавад, ки даҳҳо духтари мактабхон рӯи замин дароз кашидаанд ва талош мешавад, ки ба онҳо кӯмаки тиббӣ расонида шавад
Як табиб ва раиси як бунгоҳи тиббӣ дар ин ноҳия, ки бинобар ҳассосияи мавзуъ нахост номаш дар гузориш зикр шавад, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "ба хотири онки ҳама нафастангӣ ва дилбеҳузурӣ доштанд, мо бештари онҳоро ба бунгоҳҳои тиббӣ интиқол додем".
Ҳанӯзи сабаби аслии ин ҳодиса маълум нест.
Як табиб мегӯяд, ки ҳанӯз 10-12 донишомӯз, ки вазъияти хубе надоранд, дар бунгоҳи тиббии онҳо бистарӣ ҳастанд ва як донишомӯз ба бемористони марказии ин вилоят интиқол дода шудааст.
Дастикам ҳашт тан аз сокинон ва фаъолони ноҳияи Кайти низ ин ҳодисаро тасдиқ карда, бо ибрози нигаронӣ мегӯянд, ки ин дувумин бор аст, ки чунин ҳодиса рух медиҳад.
Ба гуфтаи сокинон, соли гузашта низ дар ҳамин вақт дар яке аз мактабҳои ҳамин ноҳия чунин ҳодиса рух дод ва донишомӯзон, ки дар он рӯйдод заҳролуд шуда буданд, ҳанӯз мушкилоти нафаскашӣ доранд.
Масъулини раёсати тандурустӣ ва маорифи ҳукумати Толибон дар вилояти Дойкундӣ, ҳамчунин сухангӯёни вазоратҳои дохилӣ ва маорифи он кишвар ба пурсишҳои Радиои Озодӣ посух надоданд ва дигар мақомоти Толибон низ то кунун дар ин маврид ибрози назар кардаанд.
Ин нахустин ҳодисаи заҳролудшавии мактабхонҳо дар ин вилоят нест. Соли гузашта ҳам ба гуфтаи масъулин, ҳудуди 80 мактабхон ва муаллими зан дар яке аз мактабҳо заҳролуд шуда буданд. Дар замони ҳукумати пешин ҳам чанд бор дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон, чунин ҳодисаҳо рух дода буд.
Украина гуфт, дар Закарпатйе як шабакаи ҷосусии маҷориро кашф намуд
Хадамоти амнияти Украина гуфт, як шабакаи ҷосусии маҷорӣ ё венгериро кашф намуд, ки дар минтақаи Закарпатйеи ҳаммарз бо Маҷористон (Венгрия) бо ҷамъоварии маълумоти ҳассоси ҳарбӣ ва ҳам омӯзиши афкори умум машғул шудааст. Дар Закарпатйеи Украина мардуми маҷоритабори зиёде ба сар мебаранд. СБУ ё Хадамоти амняти Украина рӯзи 9 май гуфт, ки ду ҷосуси маҷориро, ки барои Хадамоти ҷосусии Венгрия кор мекардаанд, боздошт намуданд. СБУ гуфт, ин бори аввал аст, ки як чунин шабакаи ҷосусии венгериро кашфу ошкор мекунанд.
Чанд соат баъди нашри ин хабар вазорати корҳои хориҷии Венгрия гуфт, ду дипломати украиниро аз Будапешт меронад, чун онҳоро ҷосуси пинҳонӣ арзёбӣ мекунад. Бо нашри як навори видеоӣ дар Фейсбук Петер Сийярто, вазири корҳои хориҷии Венгрия гуфт, санади ихроҷи дипломатҳоро ба дасти сафири Украина супурдааст.
Ин хабар дар пасманзари пуртаниш будани робитаҳои миёни Украина ва Венгрия нашр мешавад, чун нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан бо президенти Русия Владимир Путин муносибатҳои хуб барпо карда бо ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Русия дар робита бо ҷангаш дар Украина мухолифат кардааст. Назар ба кишварҳои дигари узви Иттиҳоди Аврупо ва НАТО, Маҷористон ба барномаҳои дифоии Киев пуштибонии камтаре нишон додааст.
Таҳаввулоти ахир инчунин вазъи Закарпатйеро боз ҳам мураккабтар мекунад, чунки ба бовари мунаққидони Кремлин, Русия дар талоши эҷоди ихтилоф миёни маҷоритаборҳои украина ва мақомоти Киев мебошад.
Дар изҳороти мақомоти амниятии Украина омадааст, ки шабакаи ҷосусии эҳтимолӣ “бо ҷамъоварии маълумот дар бораи соҳаи дифои низомии вилояти Закарпатйе, ҷустуҷӯи маконҳои заъфпазир дар он макон ва ҳам дар соҳаи дифои ҳавоии вилоят ва ҳам омӯзиши мавқеи иҷтимоию сиёсии сокинони маҳаллӣ машғул будааст”. Яке аз масоили мавриди таваҷҷӯҳи ин шабака ба вокуниши эҳтимолии сокинони маҳаллӣ ба эҳтимоли вориди минтақа шудани нирӯҳо аз Венгрия будааст, мегӯяд СБУ.
Дафтари нахуствазири Венгрия ва Вазорати дифои ин кишвар ҳанӯз ба муроҷиати Радиои Озодӣ барои шарҳи ин хабар посухе надоданд. Вазири корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярто дар сӯҳбат бо ATV гуфт, ҳанӯз мақомоти ин кишвар ҳеҷ иттилои расмие аз Украина дарёфт накардаанд. “Ин чиз бояд чун як таблиғот қабул ва боэҳтиёт таҳқиқ шавад”, гуфт Сийярто.
Минтақаи Закарпатйе баъди асрҳо таҳти назорати Венгрия ва Императории Австрияву Венгрия буданаш, дар паи Ҷанги Якуми Ҷаҳон ба қаламрави Чехословакия дохил карда шуд. Венгрия, ки муттафиқи Олмони нозӣ буд, соли 1939 талош кард дубора ин қаламравро азхуд кунад. Баъди мағлубияти Олмон дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, Закарпатйе ба ихтиёри Иттиҳоди Шӯравӣ гузашт ва онро бахше аз Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Украина карданд.
Як таҳқиқи журналистии тарҳи “Схеми” (марбут ба бахши украинии Радиои Озодӣ) ва гурӯҳи журналистони Аврупои Марказӣ маълум кард, ки солҳои 2011 то 2020 ҳукумати Венгрия ба минтақаи Закарпатйе дастикам 115 миллион евро маблағ додааст. Ин маблағ тахминан якуним баробар аз будҷаи минтақаи Закарпатйе бештар мебошад.
Бародари журналисти зиндонӣ Иҳар Лосикро ҳам ҳабс карданд

Як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон гуфт, дар Беларус бародари хурдии хабарнигор Иҳар Лосик – Никита Лосикро ҳабс кардаанд. Бунёди "Краіна для жыцця" («Кишваре барои зиндагӣ») мегӯяд, Лосикро миёнаҳои моҳи апрел боздошт карда ҳоло ӯ дар зиндон ба сар мебарад.
Лосикро барои ирсоли аксҳое аз ҳаракати техникаи ҳарбии Русия дар соли 2022 ба телеграм-канали "Белорусский Гаюн" бар асоси моддаи “мусоидат ба фаъолиятҳои ифротгароёна” гумонбар медонанд. Лосикро дар боздоштгоҳи Витебск нигоҳ медоранд.
Никита Лосик бародари хурдии Иҳар Лосик аст, ки дар Беларус ба 15 соли ҳабс маҳкум шудааст. Ӯро барои ташкили беназмиҳо ва барангехтани адоват дар ҷараёни маъракаи интихоботии номзади мухолифон Сергей Тихановский гунаҳгор кардаанд.
Лосик аз июни соли 2020 дар ҳабс аст. Ҳамсари ӯ – Даря ҳам давоми ду сол бо иттиҳоми гӯё фаъолияти ифротгароёна дар зиндон буд. Иҳар ва Даря Лосикро маҳбуси сиёсӣ мешуморанд. Волидони Иҳар Лосик бори охир феврали соли 2023 аз ӯ нома дарёфт карда буданд.
Мертс гуфт, "дар Олмон дар робита бо муҳоҷират ҳолати фавқулодда ҷорӣ нашудааст"

Садри аъзами Олмон Фридрих Мертс гуфт, касе дар ҳукумати ин кишвар дар робита бо масоили муҳоҷират ҳолати фавқулодда ҷорӣ накардааст. Мертс рӯзи 9 май дар Брюссел гузориши нашрияи Welt-ро аз рӯзи пеш рад кард.
Велтс, ки дар ҷараёни нахустин сафараш дар мақоми садри аъзами Олмон ба Брюссел дар паҳлӯи Антонио Коста, раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, аз ҷумла, гуфт:
“Мо ҳоло тафтишҳои бештарро дар сарҳадҳо барпо кардаем. Ин тафтишҳо монанд ба замони Ҷоми Аврупо оид ба футбол дар соли гузашта мебошад. Мо инчунин бозпас фиристодани одамон (муҳоҷирони ғайриқонунӣ)-ро идома хоҳем дод. Вале тамоми ин тадбирҳо мутобиқ ба қонунҳои Аврупо мебошанд”, гуфт Мертс.
Рӯзи 8 май нашрияи Welt навишт, ки садри аъзами Олмон Фридрих Мертс дар соҳаи муҳоҷират ҳолати фавқулодда ҷорӣ намуда, қоидаҳои Дублинро барои паноҳҷӯён гӯё бекор кардааст. Нашрия навишт, ки гӯё дар бораи ин қарор Олмон тавассути вазорати умури дохилии худ сафирони кишварҳои ҳамсояро огоҳ кардааст.
Олмон яке аз кишварҳои муҳими муҳоҷирпазир дар Аврупо буда, аз ҷумла, шумори паноҳҷӯён аз Тоҷикистон низ дар ин кишвар ҳазорҳо нафарро ташкил медиҳанд. Дар миёни онҳо ҳам муҳоҷирони иқтисодӣ ва ҳам сиёсӣ ҳастанд, ки аз фишору саркӯб дар Тоҷикистон дар ин давлати аврупоӣ сарпаноҳ ёфтаанд.
Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар гузориши ахираш гуфт, ки аз 725 муҳоҷир аз Тоҷикистон дар хоки Иттиҳоди Аврупо, ки порсол амри тарки ин қаламравро дарёфт карданд, 19 дарсадашон чунин қарорро аз Олмон дарёфт кардаанд.
"Саҳми ҳампаймонҳоро дар ғалаба қадр мекунем" - Путин

Президенти Русия Владимир Путин зимни ифтитоҳи паради ҷашнӣ ба муносибати 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон гуфт, Русия ба саҳми артишҳои муттафиқон дар пирӯзӣ бар насизм баҳои баланд медиҳад.
Путин, ки рӯзи 9 май дар Майдони сурхи Маскав суханронӣ мекард, гуфт, «Саҳми артишҳои муттафиқон, ширкатдорони ҳаракати Муқовимат, мардуми ҷасури Чин ва ҳамаи онҳоеро, ки барои ояндаи босубот мубориза бурдаанд, бисёр қадр мекунем», гуфт Путин.
Ӯ гуфт, Олмони нозӣ, Ҷопони милитаристӣ ва тарафдорони онҳо дар нуқоти мухталифи ҷаҳон бо талоши дастаҷамъонаи кишварҳои узви милали муттаҳид торумор карда шуданд. Ӯ афзуд, «мо ҳамеша дар хотир дорем, ки боз шудани ҷабҳаи дуюми ҷанг дар Аврупо баъди муҳорибаҳои ҳалкунанда дар хоки СССР рӯзи ғалабаро наздиктар кард».
Путин, ки барои ҳуҷумаш ба хоки Украина дар соли 2022 мавриди маҳкумияти аксар кишварҳои ғарбу Аврупо қарор гирифта кишвараш дар инзивои байналмилалӣ қарор дорад, то ҳол ҳеҷ аломате барои хатми ин ҷанги пурқурбонӣ нишон намедиҳад.
Дар суханронии рӯзи ҷумъааш ӯ аз ҳуҷумаш ба хоки Украина бори дигар дифоъ кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, Русия аз мубориза бо «насизм, русбадбинӣ, яҳудиситезӣ даст намекашад» ва иддао кард, «тамоми кишвар, ҷомеа ва мардум ширкатдорони Амалиёти вижаи ҳарбиро дастгирӣ мекунанд».
Маълум нест, ин иддаои Путин бар чӣ асос ёфтааст, вале бино ба хабарҳои матбуот, ҳабси норозиён ва фирори ҳазорҳо нафар аз Русия дар ин се соли гузашта, шумори мардуми норозӣ бо сиёсати Кремлин ва ҷанги бедалел дар хоки кишвари ҳамсоя кам нест.
Шурӯи паради ҳарбӣ дар Маскав

Дар шаҳри Маскав паради ҳарбӣ ба муносибати 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон шурӯъ шуд. Пеш аз оғози ин маърака президенти Русия Владимир Путин меҳмонҳои худ - раҳбарони давлатҳои ширкатдори ин ҷашнро истиқбол кард.
Дар миёни 29 раҳбари кишварҳои ширкатдори ҷашнҳо, аз ҷумла, президенти Чин Си Ҷинпин, президенти Венесуэла Николас Мадуро, раиси ҷумҳурии Сербия Александр Вучич, нахуствазири Словакия Роберт Фитсо, президентони ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Ҳуҷуми Русия ба хоки Украина се соли пеш Маскавро дар инзивои байналмилалӣ қарор додааст ва ҷашни ғалабаро Кремлин мехоҳад барои намоиши гӯё пуштибонии байналмилалиаш истифода кунад.
Попи нави Рум интихоб шуд

Конклав ё анҷумани рӯҳониёни баландмақом шоми 8 май попи нави Румро интихоб кард. Роберт Френсис Превост, кардинали амрикоӣ раҳбарии калисои католикии ҷаҳонро ба ӯҳда гирифт.
Превост 69 сол дорад ва баробари интихоб шуданаш номи Леои 14-умро гирифт. Леои 13-ум дар солҳои 1878 то 1903 раҳбарии калисои Румро ба ӯҳда доштааст. Аввалин муроҷиате, ки Леои 14-ум баъди эълони муаррифиаш ба забон овард, ибораи «Ба шумо сулҳ таманно дорам» буд.
Ӯ гуфт, «Ин аввалин ҳарфҳои баъди растохези Исои Масеҳ – кашиши меҳрубоне буд, ки ҷонашро ба хотири Худо қурбон кард. Мехоҳам, ки ин паёми сулҳ ба дилу хонаводаҳои мо ҷой шавад”. Ӯ таъкид кард, ки калисои католикӣ бояд талош кунад, “наздиктар ба онҳое, ки ранҷ мекашанд, бошад”.
Интихоби раҳбари нави калисои католикро президент ИМА Доналд Трамп истиқбол кард ва гуфт, боиси ифтихор аст, ки як рӯҳонии амрикоӣ ба ин мақом интихоб шудааст.
Превост дар гузашта дар калисои Перу ҳам кор карда, шаҳрвандии ин кишварро низ дорад. Ӯ ширкати занонро дар мудирияти кори калисо пуштибонӣ карда, аз ҷумла се рӯҳонии занро барои интихоботи усқуф ҷалб кардааст.